Jump to content

Гулгашт (деҳа, н. Восеъ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Гулгашт
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Хатлон
Ноҳия Восеъ
Ҷамоат Деҳоти Миралӣ Маҳмадалиев
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 1271 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3311
Нишонаи почта 735140

Гулгаштдеҳа дар ҷамоати деҳоти Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ. Аз Гулгашт то маркази ҷамоат 3 км, то маркази ноҳия 4 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш 1271 нафар (2017), тоҷикон. Соли 1957 ташкил шудааст.

Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, масҷиди панҷвақта, осиёби барқӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, ғаллакорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо аз наҳри Селбур обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди Гулгашт 5 хоҷагии хурди деҳқонӣ мавҷуд аст.